среда, 2 июля 2008 г.

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не. Арнолд Швартснеггер дар роҳҳои Мастчоҳ


(мусоҳиба- фелетон)


Ҳунарпешаи машҳури Ҳолливуд, губернатори иёлоти Калифорниёи Амрико чаноби Арнолд Швартснегр бе ягон ҳамҳамаю тантана ва шавку дабдаба, чуни тарошаи аз бом афтода ва борони аз осмони беабр борида, ба чамоати Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғди Точикистон ташриф овард.


Хабарнигори "Ришханд-пресс" аз ин ташрифи ғайрирасмии меҳмони олиқадр воқиф гардида, чаноби Мастчоҳ аспи ҳама давонд ва худро аз Хучанд то он чо баъди чаҳор соат расонд. Субҳи душанбе ҳунарпешаи номварро тоқи бар сар дар ягона автобуси тастаки зардаки пуродам дарёфт, ки базур рост истода, бо мухлисони мусофираш суҳбат мекард.
Ҳар замон дар чуқуриҳои чун чоҳчаҳои роҳи чамоати Мастчоҳ бархурдани чархҳои мусофирбар саропой вучуди таҳамтанонаи Арнолд-акоро меларзонд ва риштаи суҳбатро меканонд. Азбаски суръати мошин дар ин роҳ аз сангпушт каме пасттар ва аз хорпуштак каме баландтар буд, мо вақтро лоиқ ва вақтро мувофиқ дониста суҳбате бо ин чаноби амрикои ташкил кардем, ки бори аввал ва танҳо дар "Ришханд-пресс" ба табъ мерасад.

-Ако, э мебахшед, чаноби Арнолд, бигуед, ки ки чаро ба Мастчоҳ омадед, яъне барои чи, яъне мақсади сафаратон чист?


­- Шумо медонед, ки мардуми Колифорниё бори дуввум маро Губернатор интихоб карданд. Кори роҳбари ба иёлоти чанд маротиба аз Точикистон бузург осон набудааст. Варзиш он тараф истад, ҳатто чи тавре, ки шумоён мегуед, барои сархори вақт надорам. Бинобар ин аз меъёр зиёд фарбеҳ шудам ва барои лоғаршави Мастчоҳро интихоб кардам.

-Барои чи Мастчоҳро? Магар дар Амрикои мутамаддин, ки табибони исавиҳуш, на одамикуш дорад, имкони лоғаршави набуд?


- Бовар кунед, тамоми воситаҳоро истифода бурдам, доруҳои бисёре хурдам, аммо натича-нол! Посухта лаби об медавад гуфтаги барин ба воситаи ёру дустонам аз умури марказии разведка, яъне СРУ МАстчоҳро ёфтам. Онҳо ба ман иттилоъ доданд, ки роҳҳои ноҳия хеле харобу валангор ҳастанд, махсусан роҳи байни майдончаи Комсомол (воқеан, масъулони чамоат маҳбубиятро ба ин номи меросии шурави ҳеч кам накардаанд) ва чамоати Оббурдон, ки мардум имруз "учаскаи дуюм"-аш меноманд, хеле харобу валангор аст. Агар фил ҳам савори мошин рузе се-чаҳор бор аз ин роҳ гузар кунад си-чил кило хароб мешудааст.

-Хуб натичаҳо чи хел ако?


- Бад не. Рузи аввал аз Майдонча то чамоати Оббурдон сафар кардам ва панч килло лоғар шудам. Хостам бори саввум ҳам сафар кунам, аммо табиби шахсиам қатъиян зид баромад, хело фишори хунам аз меъёр балантар шуд. Инак, баъди ду руз ичозат дод боз сафари табобатиро идома диҳам.

-Лутфан ба кадом роҳбароне, ки ба ин сафаратон мусоидат кардаанд ташаккур гуфтани ҳастед?

- Қабл аз ҳама ба сарвари муҳтарами идораи нақлиёту роҳи вилояти Суғд чаноби Анвар Эгамбердиев сипос арза медорам, ки ду-се сол пеш ваъдаи обод кардани ин роҳро дода буданд, вале хушбахтона қавлашонро фаромуш карданд. Дуввум ба сарвари идораи роҳи Мастчоҳ дусти бисёр муҳтарами банда Юлдошбой Туйчиев миннатдории худро мерасонам, ки шербачаҳояшонро гоҳ-гоҳ ба ин роҳ мефиристанду ба чашми чуқурчаҳо хоку шағал мепошанд, ки баъди як-ду руз боз роҳ ба ҳолати аввалааш бармегардад. Илтимос ба ин ду шахси масъул салому пайёми бандаро ба воситаи "Ришханд-пресс" бирасонед. Ҳатман, вақте, ки ба Калифорниё меравам маро нахоҳанд шинохт. Зеро рекломҳои "поглотитель жира", ки дар мо ҳам хеле ривоч ёфтааст, дар пеши ин "табобат"-и роҳҳои куҳии шумоён ҳеч будааст. Беҳуда мардум миллионҳо маблағ сарф карда курсҳои табобатии харбшавиро мегузаранд, лекин натичаҳо чи тавре, ки бародарони руси мо мегуянд НОЛ. Бовари дорам, ки амрикоиҳои ин чойи "нодири табобати"-ро баъд аз харобшавии ман охурча хоҳанд кард ва бучаи Мастчоҳи куҳи дар оянда аз ҳисоби ҳамин намуди табобат хеле бой хоҳад шуд. Албатта саломи моро ба ин ду шахси мубтакири чунин табобат расонед.Хуб шудааст, чаноби Швартснеггер ичрои хоҳиши меҳмон барои мо вочиб аст.


P.S.

"Ришханд-Пресс"-ро ба чону ҳолаш намонда масъулини ноҳияи Б.Fафуров ба меҳмони даъват карданд. Аз ин хотир "ичобати даъват ҳукми вочиб аст", ки яке аз суннатҳои Паёмбар аст, аҳли эчоди "Ришханд-Пресс" тасимим гирифтанд, ки ҳафтаи оянда иншооллоҳ аспҳоро зин карда, ба яке аз минтақаҳои ноҳияи Б.Fафуров бе ҳош-ҳошу бе пош-пош ҳатман ба меҳмони хоҳанд рафт. Пазиро бошед, мизбонони ноҳияи Б.Fафуров!!!


Миш-миш таймс


Ҳей медавем-а!!!


Якшанбеи 20-уми май бо ташаббуси ниҳодҳои варзиш дар сартосари Точикистон ҳамчун Рузи дави милли шинохта шуда, бори 12-ум аст, даҳҳо ҳазор нафарро ба хиёбонҳо мекашонад, ки нафарони ин қадар солҳои тулони надавидаву шикамҳои дамида доштанд, ба машқи дав баромаданд. Ахиран олимони хушхаёли мо усули харобшавиро ёфтанд, ки ин низ як намуди об кардани равғанҳои зиёдати ва раҳо шудан аз фарбеҳист. Ана "поглотитель жира" дар кучо будааст. Марҳамат ба машқи дав!!!


Дорувории бепули бопул


Масъулони намояндагии созмони байнулмилалии пизишкии "Мерлин" дар Точикистон гуфтанд, ки ба далели пеш омадани мушкилоти моли ин созмон ночор шуд идомаи ичрои барнома ва тарҳҳояш дар ин кишварро мутаваққиф кунад. Дар ҳамин ҳол оқои Абрил, ҳамоҳангсози "Мерлин" дар Точикистон, таъкид кард, ки дар сурати пайдо кардани маблағ ва мусоидати кишварҳои кумакрасон имкони аз нав ба фаъолият пардохтани созмони "Мерлин" дар ин кишвар вучуд дорад. Аммо ин дар ҳолест, ки ташкилотҳои "Гумпомощь"-диҳандаи пизишки, ки ройгон дорувориро медиҳанду он ҳам аз чониби баъзе чаллобон пулаки тақсим карда мешавад. Бо рафтани ин ташкилот интизори меравад, ки боз дорувории бепул бопултар шавад.


Ура! Барқ меояд!


Аднон Қарабоев вазири умури хоричаи Қирғизистон баъд аз анчоми мулоқоташ бо Раиси чумҳурии Точикистон изҳор дошт, таъсиси Консорсиуми обу энержии кишварҳои Осиёи Маркази, ки аз суи Эмомали Раҳмон пешниҳод шудааст, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа мебошад. Лекин чаноби Аднон Қарабоев аз таҳти дил бояд фикр карда бошанд, ки мабодо Точикистон аз кишвари барқофари Қирғизистон пеш нагузарад. Эҳ кошки чунин мешуду зимистони дар пеш истода барқ ҳам доими мешуд.


Боз чанд точик таркида мемирад?


Бар асари инфичори минаи зидди нафар дар ноҳияи Панч, дар марзи Точикистон бо Афғонистон, як нафар сарбози неруҳои марзбони ба он дунё виза гирифт. Илёс Юлдошев, сарбози неруҳои марзбони, ки талош мекард, сухтори сарзада дар қамишзорро хомуш кунад, ба мина бархурда ва кушта шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳар сол бояд тибқи қонунҳои нонавиштаи масъулини қонунэчодкуни Узбакистон бояд, ки як точики шимоли Точикистон таркида бимирад. Чаноби Ислом Каримов, боз чанд тани точик таркида хоҳад мурд? Ин ба шумо рушан аст-ку?

Комментариев нет: