среда, 2 июля 2008 г.

АНЧУМАНИ МАГАСҲО

Дар бинои раёсати кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хочагии чангали ноҳияи Конибодом анчумани чамъбасти семоҳаи аввали ҳизби муттаҳидаи пашшаву пашшача ва магасу магасчаҳои кулли вилоят шуда гузашт, ки дар он намояндаи созмони «Касалипахшкунй»-и пашшачаҳо, даҳ карат қаҳрамони меҳнати сироятй-зарароварй, Пири магасҳои вилоят ва узви конфедератсияи магасҳои дилбазани чаҳон Чулоқов Маймоқ ширкат варзид. Дар ин бора иттилоъ медиҳад очонсии беморипаҳнкунии «Ҳашарот.tj»

Анчуманро масъули бахши ноҳиявии ҳизби магасҳои Конибодом ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба Пири пашшаҳои вилоят Чулоқи Маймоқ дод. Номбурда баъди накуҳишу сарзанишҳои зиёд ба қироати маърузаи зерин пардохт.

– Муҳтарам магасҳо ва магасчаҳо, пашшаҳо ва пашшачаҳо!!!
Сараввал мебахшед, ки мо (у худро дар назар дорад) каме дер кардем. Зеро аз бепарвофалакиву холабеғамии кормандони идораи хадамоти манзиливу рифоҳии ноҳияи Конибодом дар маркази шаҳр, дар ду тарафи кучаи Б.Мансуров (собиқ кучаи Советй) қариб якуним тонна партов хобидааст, ки ростй натавонистем, ки наҳории муфтро партофта биёем. Боз медонед, рафиқони муҳтарам, мо баъд аз наҳорй бо партови яктоннагй лабу лунчамонро ба даҳону бинии одамон пок мекунем, ки хидмати «салфетка»-ро ичро мекунад. Ба вижа, даҳону бинии кормандони идораи хочагии манзилию рифоҳии шаҳри Конибодом басо гуворо аст. (Аз толор: «Қанд занед раис-бобо, ачаб кардед, ин холабеғамҳоро!»)
Магасҳо, пашшаҳои азиз!
Рисолати мо, ки сироят ва гузаронидани касалиҳои зараровар аст, бояд бо ин касби пуршарафамон арвоҳи бобоёнамонро шод кунем. Медонед гузаштагони мо чи хел пашшаҳои фаъол буданд. Қариб 70 фисади мардуми аз дунё гузаштаи Конибодомро ҳамон бобоҳои мо ба он дунё гусел кардаанд. Яъне мо чи тавр ин корро ба сомон мерасонем? Нафарҳои масъули хочагии манзилию рифоҳии шаҳри Конибодом, ки ҳатто барои хоридани шикам вақт надоранд, ин қадар коҳиланд, ки партовҳоро саривақт тоза намекунанд. Мо ҳам аз ин фурсати қулай истифода бурда, ду поямонро ба обҳои лойқаи ду тарафи кучаҳои маркази шаҳр, кучаҳои Лоҳутй, Нефтяников, Ҳ.Ҳомидов маҳаллаҳои Бобокалонов, чамоатҳои Патару Тошлоқ ва ғайра минтақаҳои пур аз ифлосй тар карда, рост бурда ба бинии мардум мезанем, ана мебинед, ки кор ичро шудаасту рузе то даҳҳо нафарро ба он дунё бе виза гусел мекунем.(Хушҳолй дар толор, кафкубиҳои бепоён, ҳуштаккашй).
Рафиқон, ҳоло дар ин толор зиёда аз ним миллион иштирокчиён аз гирду атрофи вилоят ҳузур доранд, ки мо ду руз бор рейд мегузаронем. Карру фарри кормандони масъулини шаҳрдорй, санитариву эпидемолгй, хочагии манзидиву рифоҳй ва ғайра мансабчадорону галстукдаргулуҳоро бинед. Хушашон намеояд, ки ҳатто паҳлуро бинанд. Агар ягон нафари болой ояд, ҳатман кучаҳо тозаву озода, дарахтон сап-сафед, заминҳо руфта об задагй. Аммо ҳамин ҳам бошад танҳо роҳҳои марказй. Агар пушти биноҳоро меҳмонон бинанд, кор расво. Ана маҳз аз ҳамин ҳолат мо бояд моҳирона истифода барем.
Лекин баъзе мардуми Конибодом моро бо гандумчаҳои сурхаку баъзе заҳрчаҳои Хитой тарсониданй. Ин ҳеч гап нест, ҳарчанд, ки ҳазорҳо нафар аз мо талафоти чонй диданд. Мо бояд қасди эшонро аз дастандаркорон бигирем. Ҳар қадар пойҳоро ба ахлоту партовҳои гирду атрофи шаҳр тар карда, ба хуроку лабу лунчи ин мардум молиданамон зарур. (Ин замон сарвари магасҳо аз нушобае, ки аз чуйборҳои лойқадори бадбуйи ду тарафи маркази шаҳр тайёр карда шуда буду он аз ҳама аълосифат ва махсусан барои калонҳои пашшаҳо сохта шуда буд, як қулт нуши чон кард ва лабашро лесида бай-бай гуфт).
Муҳтарам ҳозирин, меҳмонони гиромиқадр! Ман шуморо бовар кунониданй ҳастам, ки партовҳои ноҳияи мо (яъне Конибодом) аз ҳама партовҳои аълосифатанд. Зеро, ин масъулин танҳо дар мошинҳои хидматй шиштану зиёфат ба зиёфат гаштанро медонанд. Дар бобати партову ахлотчойҳои Конибодом гап нест. Ба қарибй коршиносон-пашшаҳои олими Чин омада, ба партовгоҳҳои мо баҳои баланд дода рафтанд. Мо дар арсаи чаҳон аз чиҳати захираҳои партов хеле бой ҳастем ва бешубҳа чои аввалро ишғол мекунем. Дар назар аст, ки мамалкатҳои аз чиҳати партов қашшоқ аз чумла Амрикову Чопон, Малайзиёву Дубай ба шаҳри мо худи ҳамин сол зиёда аз ду миллиард пашшаҳои худро барои зист интиқол хоҳанд дод, ки ин ништонаи он аст, ки мо яке аз шаҳрҳои пешрафта (аз чиҳати ахлоту партов) ҳастем. (як пашшаи ланг аз қатори пеш тохта баромада сару руйи сарвари магасҳоро бусида, ба у як гулдастаи ахлотинро ҳадя кард, ки ин гулдастаро у аз партовгоҳи варзишгоҳи марказии шаҳр тайёр карда буд. Ва бояд гуфт, ки пас аз тачлили иди Навруз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Конибодом қариб ду ҳафта ба паротовгоҳе табдил ёфт, ки илочи гуфтан нест).
Дар охири анчуман сарвари пашшачаҳои ноҳияи Конибодом ба фаъол-магасҳои имсола, ки бештар ба сару руйи мардум ду пойи партову ахлоту микроболудро зада, боиси оғози касалиҳо шуда буданд, туҳфаҳои хотиравй супорид. Алҳол, ки тафси ҳаво расида буд, сарвари магасҳо меҳмононро барои осоишгоҳу минтақаҳои курортй, ки аз партовгоҳҳои бузурги ноҳия иборат буда, барои пашшаҳо воқеан курорт маҳсуб меёфт, сари як пиёла чой даъват намуд. Бо ҳамин анчуман бо шиорҳои маъмулии ин ҳизб, яъне, «Зинда бод, ахлот!», «Одам бод барбод!» ба охир расид.
PS:
Муҳокимаи масъалаи мазкур дар кумитаҳои ноҳиявию шаҳрии ҳизби пашшаҳо идома дорад, ки дар шумораҳои оянда ахбореро бо кумаки хабаркашони махсусамон аз чараёни ин чаласот пешкашатон хоҳем кард.

Комментариев нет: