пятница, 29 августа 2008 г.

Конибодом: Арзиши баромади раиси шахр 10 сомонй?

Ё чй тавр иди забонро дар Конибодом ду маротиба тачлил гирифтанд

Аз поварақҳои таърих


Ин навишта гарчанд дертар руйи сафҳа мерезад, аз хонандаи арчманд хоҳиш мекунем, ки тоқат карда ба мутолиа пардозанд.
Конибодом, Канди бодом, ки дар гузашта ва алъон низ хеле мардуми ба ору номус ва ҳуввияти баланди миллидошта арзёбй мегарданд, аз номи таърихии ин шаҳр ва паҳнои он равшан аст, ки чй гуна халқияте дар ин марз умр ба сар мебарад. Намунаи барчастаи ин гуфтор, моро ба таърихи соли 1925, ки Конибодом дар ҳайъати Узбекистон буд, мебарад. Конибодомиён аз ин табартақсим норизогии хешро мардона баён дошта буданд. Пеши роҳи яке аз саркашони сотсиализм-Калининро доштанд. Аз у қотеона талаб карданд, ки ин ноҳияи точиконро алоҳида ва ё ҳадди ақалл ноҳияи мустақил эълон кунанд. Вагарна шуриши бемисл мебардорнад. Хамин тавр ҳам шуд, Калинин ин талаботи тазоҳургаронро ба Кремл бурд ва филфавр расман қарор «Дар бораи ноҳияи мустақил дар ҳайъати Узбекистон»-ро Маскаву Тошканд ба тасвиб расониданд. Конибодом ноҳияи мустақил дар ҳайъати Узбекистон эълон шуд. Ачибии кор ва ҳуввияти миллии ин марз дар он аст, ки ноҳияи Конибодом то соли 1929 дорои Вазорати корҳои хоричй буд. Инак қиссачаи кутоҳакро ба охир расонида, мегузарем ба асли мақсад.

Канй забони додом?


Бар замми он ки дар бозору хиёбонҳои Конибодом тараннуму тарғиби фарҳанги туркй бо фуруши фитаву кинофилмҳои ғайриточик ба дарачаи кулминатсия расидааст, дар дуконҳои рузномафурушй бошад маҳсулоти чопии узбакистонй чойгоҳи матбуоти даврии Точикистонро хеле танг кардааст. Аз ҳама муҳим се-чаҳор шабакаи телевизиони Узбекистон дар Конибодом то чое фаъол аст, ки ҳатто аҳолии точики ин ноҳия бо майли том аз намоишномаҳои узбекй бо майли том дидан мекунанд. Дар бозорҳои фитафурушй ба чуз Севинчу Юлдузу Озодаву Илҳому садҳо ситораҳои эстрадаи Узбекистон аз ситораҳои эстрадаи точик касе харидорй намекунад. Намедонам, шуъбаи идеологияи ин ноҳия бо чй кор машғул аст. Аз ҳама муҳим бахши Бунёди забони точикй амал мекунад ё не, раиси ин бахш кист, касе намедонад. Агар Бахши бунёди забони точикй дар ин ноҳия фаъол бошад, пас чаро ба ин коргузорй аз паси панчара менигарад?

Ид бар ивази 10 сомонй

Ин ҳам дарди ба хайр. Аз ҳукумати шаҳри Конибодом санаи 21 июли соли равон ба таври дастчин таклифномаҳо ба аҳли зиёву забонишоносону фаъолони маҳаллаву дигару дигар равона гардид. Яъне дар таклифнома зимнан навишта шуда буд, ки «Шуморо соати 18:00 ба театри ба номи Туҳфа Фозилова баҳри тачлили Иди забон даъват менамоем». Баъзеи дигар ба чойи ин таклифнома бо телефон даъват шуданд. ҳамин тавр, хонандаи азиз хулоса барор, ки ба ин тантана кй меравад. Бизнесмену муҳочирони меҳнатии Русиё намераванд. Дуредгарону роҳсозон вақт надоранд, ки ба ин гуна тантанаҳо раванд. ҳатман аҳли зиё, муаллимони пешсафу забоншиносон, нафарони рушанфикр, шоирону нависандагону рузноманигорон ва ғайра чамъияте, ки бо маош (!) зиндагй мекунанд, ширкат меварзанд.
Дар театри ба номи Т.Фозилова, ки намоиши саҳнавй аз руйи асари Муҳиддин Хочазод омода шуда буд, ба ин хотир масъулини театр аз даъватшудагон 10 сомонй талаб карданд. Нафарони таклифшуда, изҳори норизогй ва таҳайюр мекарданд, ки чаро 10 сомонй? Масъулини театр бошанд, «мо меҳнат карда намоиши саҳнавй тайёр кардаем»-гуён ба чону ҳоли ҳозирин намонда 10 сомонии гуфтагиашонро ситониданд. Дигар чй илоч? Нафароне, ки пул доштанд, даромаданд, баъзеҳо қарз гирифта чипта хариданд, баъзеи дигар, ки мачоли ҳатто қарзгирй надоштанд, ба қафо баргаштанд.
ҳамин тавр, дар толори нимхолй тачлили Иди забони точикй оғоз ёфт. ҳозирин дар ивази 10 сомонй ҳам баромади раиси шаҳр Шамсиддинов ҳилолиддинро гуш карданд ва ҳам намоиши театрикунонида шудаи корманди театрро. Ачиб, иқтисоди бозаргонияш ҳамин будагист-да?! Бояд ёдовар шуд, ки дар тантана намояндаи ҳукумати вилояти Суғд низ, номаи табрикотии раиси вилоятро қироат кард. Чун аъанаи шуравй тачлили Иди забон бо «шукуҳу шаҳомати хос» хотима ёфт.
Хонандаи азиз, гумон накунед, ки бо ҳамин Иди забон тамом шуд. Ба як борагй рузи 26 июл чун барфи тобистонй боз бо таври дастчин барқия равон шуд, ки боз тачлили Иди забон дар туйхонаи «Шаббода»! Ин дафъа соати 16:00. Аз ҳама ачиб соати 17:00 бояд, ки дар туйхона туйи арусу домодие барпо мешуд. Муовини раиси шаҳр Замира Ашурматова бо тантана эълом дошт, ки «Идомаи тачлили Иди забон». Лекин ин дафъа тачлил каме фарқ дошт. Даъватшудагон бепул даромаданд. Боз номаи табрикотии раиси шаҳр, номаи шодбошии (ва ҳам такрории) раиси вилояти Суғд қироат гардид. Аз муҳим ва нуқтаи чолиб он буд, ки тантана бояд соати 16:00 оғоз меёфт. Аммо хонандаи азиз, урфу одатҳои точикиро медонед-ку. Агар туйро соати чор гуем, ҳатман чору ним ё панч сар мешавад. Ин тачлил низ ҳамин гуна ба худ ранг гирифт. Қариб соати 16:30 тачлили дуввумбории Иди забон оғоз ёфт. Дар беруни туйхона бошад аллакай мошинҳои пуфаковезони туйи аруси мунтазири он ки кай Иди забон хотима меёфта бошад. Домод қариб буд, ки аз чаҳл дасти арусро раҳо карда туйро «отменить» кунад. Шукро, ки ин фикр ба сараш назад.
Нуктаи афсуси ин навиштаро мехоҳам бо гилагузорие руйи ин коғаз резам. Ба назар чунин мерасад, ки сол то сол дар Конибодом тачлили Иди забон бенуру ранг мегардад. Ба вижа имсол, ки соли забони точикист, коҳишро ба дарачае расонид, ки БА ҲЕЧ КАС МАГУ-ст.

Як маконе диққати муаллифи ангораҳоро ба худ кашид. Дар долони таваллудхонаи марказии шаҳри Конибодом навиштае ба чашми кас бармехурад: «Соли бузургдошти забон ва 1150 солагии Рудакиро сазовор истиқбол мегирем». Ин аз ҳама вижагии сафари камина буд. Шояд кудакони навмилодро аз таваллудхона сар карда эҳтироми забонро омузонанд? Шояд. Аммо ин кудакон вақте, ки калон мешаванд, шояд ин шиорро дар фитабозори узбекиву тачлили Иди забон дар «Шаббода» барбод диҳанд? Худо накунад он рузро.