понедельник, 30 июня 2008 г.

Мактуби наваскар

Салом модари ба чону дил баробарам!
Ту чй хел сиҳату саломат, зиқ нашуда кор карда гаштй? Аз ман пурсй ман нағз сиҳату саломат, пас аз дар «облава» дастгир шуданам, як моҳ ин чониб хидмат карда гаштаам. Ачоиб чое будааст ин чо, модарчон. чаҳор тараф куҳ, самин сахту осмон баланд. Болои санг рузи дароз мисли сангпушт хазида мегардию ҳалқат аз ташнагй қоқ мешавад. Ҳа, гуфтагй барин ҳозир ба ту як гап гуфта, саратро ба осмон мерасонам. Баъди як ҳафтаи хидмат ба ман унвон доданд: «Дух». Ачоиб унвоне будааст. Тамоми кори аз худат калон фармударо мекунию халос. Агар накунй «мурдй», то беҳуш шуданат мекубанд. Ман ҳам як-ду бор «канй чй мешуда бошад?» гуфта, кори фармудаи як «Дед»-ро накардам. Хоҳ бовар кун, хоҳ не очачон, бо қундуқи милтиқ ба сарам ҳашт бор зад. Аммо ба ман ҳеч чиз нашуд. Не, дуруғ нашавад. Аввал андак дард карду сонй камтаракак варам карду саҳлакак азоб дод, лекин зуд дардаш монд. Оча, мегуям ҳамин дуоҳои ту мустачоб шудагй барин-дия.

Ёд дорй, вақти ба ин чо омаданам ту маро «Сарат аз санг шавад, писарам» гуфта дуо карда будй. Ана инак, як моҳ боз «Дед»-ҳои ноинсоф ба сару гарданам лагад мезананд, вале то ҳол ягон чои сарам накафидааст.
Ростй гап модарчон, рузҳои аввали ба ин чо омаданам зиқ шудам. Болои сухта намакоб гуфтагй барин, ҳангоми тақсими либоси ҳарбй ба ман либоси куҳнаву дарида насибам гашт. Баъди тақсими либосҳо рост ба пеши командир рафта гуфтам:
-Рафиқ командир, ин либосҳои маро бинед, куҳнаву дарида, бар замми ин ношуставу чиркин. Охир ягон кас маро бо ин либосҳо бинад, ба ҳафт фарсах гурехта меравад-ку?
– Ҳеч гап не, – гуфт командир – либоси аскари ҳақиқй, фарзанди чоннисори ватан бояд ҳамин тур бошад. Душман, ки туро бо ин либос дид, боварам ҳаст ба даҳшат афтода, ба ҳафт фарсах не, балки ба даҳ фарсах гурехта меравад.
Аз ин суханони командир ҳайрон шуда мондам.
Вай бошад, гуё чизе ба хотираш расиду аз ман пурсид:
– Аз уҳдаи пухтупаз мебарой?
– Метавонам,- гуфтам.
– Масалан, чй пухта метавонй? – боз пурсид у.
– Пеш ба ин чо омаданам, як сол дар заводи асфалбарорй кор кардаам, аз уҳдаи пухтани асфалт мебароям.
– Ҳе. бефаҳм, боро гум-шав, – гуфт командир бочаҳл.
Ҳамин тавр оча аз рузҳои аввал муносибатам бо командир вайрон шуд. Аммо оча, ту зиқ нашава, ман боз як бало карда бо у муносибатамро нағз мекунам, бало ба пасаш… Очачон, рузе воқеаи ачиб руй дод . Боре ба назди мо ду-се журналист омаданд. Ба фикрам, барои хабаргирй. Кадоме гуфтааст, ки шароити наваскарон хуб нест. Ачибан-дия ҳамин мардум, охир корашон чй ба мо. Ҳарруз хелеб мехурем, хурок ҳа-а-ам оча….. Хайр қисса кутоҳ мо, наврасон, бо супориши командир ба муносибати ташрифи онон саф оростем, ва онҳо бо мо ҳамсуҳбат шуданд.
Яке аз журналистон нафареро, ки Сотиболдй ном дошт, пурсид:
– Ватан ба андешаи ту чист?
– Ватан – модари – ман гуфтбо овози баланд Сотиболдй.
– Дуруст,– гуфт командир.
Баъди ҳамон журналист аз ман пурсид, ки «калимаи Ватанро чй тур шарҳ медиҳй?»
Ман бе ҳеч дудилагй гуфтам,ки:
– Ватан модари Сотиболдй аст.
Командиру журналистон ба ман бо ҳайрат нигаристанд. Командир:
– Уй, бефаҳм, Ватан модари ту ҳам ҳаст, – гуфт.
Ман, ки хичолат кашида меистодам, баъди сухани командир андак шердил шуда гуфтам:
– Пас ману Сотиболдй бародарем?
Якбора ҳама хандиданд. Командир низ аз ханда рудакан шуда буд. Ман ҳам хандидам. Охир чй хел нахандам, вақте ки командир бори аввал ба суханҳои ман бо диққат гуш доду аз таҳти дил ханид. Вале, сарфаҳм нарафтам, ки онҳо барои чй хандиданд.Ман-ку ба онҳо хандидам, аммо онҳо чаро хандиданд?!
Баъди ин, очачон ба ман лақаб дода «Додари Сотиболдй» мегуфтагй шуданд. Лекин ман аз ин хафа не. Ҳа, гуфтагй барин, очачон ин гуфтаҳои маро кадом журналист сабт карда гирифта будааст. Мегуянд, ки ҳар руз аз радиои «Тироз» ин суҳбатро барои таъхушии одамон мешунавонанд. Маълум мешавад, ки ҳамон руз кадом як журналисти чаққон ин мусоҳибарол «запись» карда гирифтааст. Балоя ҳамин журналисто, қоил ман-е.Хайр, агар овози маро шунидан хоҳй, аз радиои «Тироз» ана ҳамонсуҳбатро гуш кун.
Айб намекунй оча, дар ҳамин чо гапро ба охир мерасонем. Чунки дигар қоғаз надорам,ки давоми гапро нависам. Бар замми ин, қаламро низ ба «прокат» гирифтаам. Дафъаи дигар агар қоғазу қалам ёбам, боз мактуби дурусттар хоҳам навишт.

Хайр очачон, то дидана. Ба ҳамаи шиносҳоям салом гуй .
Бо эҳтиром писарат Аскаралй

воскресенье, 29 июня 2008 г.

Ёдаш ба хайр бод!

Тибқи иттилои расонаҳои миш-миш таймс шуруъ аз оғози моҳи сентябри соли чорй лимити қувваи барқ сар мешудааст. Соли гузашта бошад мувофиқи шартномаи байнидавлатй Чумҳурии Туркманистон ба кишвари мо неруи барқ интиқол медод, вале бо сабабҳои номаълум «барқи ваъдагй» ба Точикистон наомад. Мардуми интизори барқи туркман боз ноумед гаштанду дар баъзе минтақаҳо лимити неруи барқ шадидтар чорй шуда буд.

Таъзия

Асосиатссияи ҳачвнигорони вилояти Суғд аз марги нобаҳангоми
Неруи Барқ,
(ки моҳи сентябр аниқтараш светмурак сар мешудааст) қаблан сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандон ва куллй дустону ҳамкорони марҳум ҳамдардй баён мекунанд.


Барқро кй кушта буд?

Шуруъ аз шоми аввали моҳи ноябри соли чорй дар бархе манотиқи вилояти Суғд мавсими чиддитари ба истилоҳ «светкушй» шуруъ гардида буд. Аммо коршиносон иллати аслии дасти задани ниҳодҳои масъули давлатиро ба ин амал, дар он медонанд, ки Неруи Барқи аз суйи туркманҳо итиқолшавандаро террористон, аз чумла дастаи даҳшатафкани Усома бини Лодан дуздида, бо ҳадафҳои нопок истифода бурданй будаанд. Аммо мақомоти расмии Точикистон аз шарҳи комилтари нарасидани «барқи ваъдагии Туркманистон» то ба Точикистон худдорй намуда буданд. Ҳолдонҳо мегуянд, ки феълан Неруи Барқ аз чониби ИНТЕРПОЛ чуста мешавад.
Аммо дар ҳамин ҳол овозаҳое ҳастанд, ки гуё мардуми кишвар аз омадани барқи туркман умедҳои зиёд дошта будаанд. Аксари пирону кампиракони точик интизор будаанд, ки бо омадани «барқи ваъдагии Туркманистон» интиқоли Неруи Барқ ба мардум то 5-7 соат тулонитар хоҳад гашт, вале чунин нашуд. Баъзе таҳлигарони маҳмадоно тахмин мекунанд, ки гуё Узбакистон барои убури сарҳади ин давлат аз чониби Барқи Туркманиён монеа эчод кардаанд. Аммо ин гумон низ аз суйи Точикистон тасдиқ нагардидааст…

Нигоҳе ба гузашата

Неруи Барқ дар замони шуроҳо тавлид гардида, то замони соҳибистиқлолии кишвари точикон фаъолияти густурда дошт. Аксари мардуми точик то ҳол тавлид шудани Неруи Барқро як мучизаи бемисл медонанд ва аксари эшон «падар»-и онро Ленин ва Неруи Барқро «Чароғи иличй» медонанд. Мувофиқ ба маълумоти аз бойгониҳо дастрасшуда, Неруи Барқ нахуст ҳамчун манбаи рушуной, баъдтар, пас аз он ки аз чониби Ҳизби Кадбонуҳои Комунист қабул гардидани «Консепсия дар бораи ҳамчун манаби иловагии гармидиҳй истифода бурадани Неруи Барқ» дар байни мардум он ба таври густурдатар намуда, асосан барои тавлид гармй дар хидматй халқ буд.Хидматҳои шоистаи таҳсини номбурда борҳо бо ифтихорномаҳои ҳукуматҳои маҳаллй сарфароз гардидааст.

Дорандаи нишони сарисинагии «Барқи хизматнишондода», ордени «Молодетс» (дарачаи II ва I) медали «Сухтанй» буд. Ҳамчунин уро дар Бадахшон «Шаҳрванди ифтихорй»-и ин вилояти дурдаст мешинохтанд.

Соли 2006 Неруи Барқ дар озмуни «Барқи беҳтарин» иштирок намуд ва соҳиби шоҳчоиза гардид. Ин дар ҳоле буд, ки мардуми Точикистон ба нимкиловатт-соат зор буданд. Шояд аз ин лиҳоз бошад, ки ҳангоми гирфтани шоҳчоиза аз дасти собиқ Котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) Кофе Аннан чашмонаш пур ашк гардиданд ва аз хурсандй чй гуфтанашро намедонист ва ваъда дод ки то охири соли 2009 тамоми Точикистонро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард.
Ҳолдонҳо мегуянд, ки ҳангоме Неруи Барқ кушта мешуд, у аз дусташ Гази Табий хоҳиш намудааст, ки рисолати сузандагии вайро ичро намояд. Вале Газии Табий чй тасимим гирифтани хешро то ҳол ба касе зикр накардааст…

Чй тавр занам маро дар оғил диду аз ман чудо шуд


Аз нақли муйсафеди 87 сола М., ки баъди як соли оиладорй аз ҳамсар чудо шуд ва то ҳол муччарад аст

Вақтҳои охир чанчоли оилаҳои чавон ва оилавйронии онҳо муйсафеду кампиракони солхурдаро ба ташвиш овардааст. Пирон мегуянд, ки саросемагии чавонони имрузй ва бесабрию зудранчиашон онҳоро аз ҳам дур мекунад.
Аммо коршиносони мустақили маҳаллй ба Ришханд-тағо гуфтанд, ки бо чунин амалкарди чавонони имруз вайрон нашудани оилаи онҳо имконнопазир аст.
- Масалан,– мегуянд бархе аз онҳо – арусаке баъди ду моҳи оиладорй аз шавҳар чудо мешавад. Дугонааш мепурсад, ки охир шавҳарат ин қадар марди хуб, пулёбу дилёб, чаро ақаллан як сол зиндагй накарда, чудо шудй? Шояд вақте ки фарзандор мешудед, боз муносибататон беҳтар мешуд.
-Не, нағз намешуд! – мегуяд арусак.
-Охир, чаро? – мепурсад дугонааш.
-Гуш кун, ба ту шахси носу папироскаш, арақхуру майзада ва то нисфҳои шаб дар куча мегашта маъқул аст?
-Не, албатта. Даҳони носу сигоркаш доим бадбуст, аз онҳо безорам. Аз арақхур фоидае нест, доим дар ғами худаш, ин тоифаро низ чашми дидан надорам. Аздусар аз одами шабгард ҳеч хубй намебарояд, одамҳои бетамиз мешаванд...
-Ана дидй ба ту ҳам намефоридааст. Ман ҳам ба шавҳарам маъқул нашудам ва чудо шудем...

Чун хостем, аз шахси пурдида, муйсафеди 87-сола, ки аз зикри ном худдорй кард ва танҳо соле ҳамсар доштаасту баъд қасам хурдааст, ки дигар оиладор намешавад, дар бораи оилавайрон миёни чавонон бипурсем у гуфт:
-Бисёрии оилавайрони айб дар мардҳост. Гуш кун як қиссаи ҳаётй мегуямат. Баъд аз як соли хонадоршавй ба шаробнушй одат кардам. Ҳарчанд, ки аз ин пеш шавҳари бад набудам. То рафт ба занам маъқул намешудам. Албатта ин айби ман буд, ки менушидам.
Боре нисфи шаб маст ба хона омадам. Оҳиста ба хона даромадам хоб рафтам. Саҳарй барвақт, хунук хурда бедор шудам. Таъсири май ҳоло ҳам боқй буд. Мекалавидам. Чашмонамро бо азобе кушода, дурустар ба гирду атроф нигарам, ки ба оғилхона даромада хоб рафтаам. Ростй, аз муноқишаи навбатии зан тарсида хостам, шири гови дар паҳлуям хобрафтаро бичушам ва ба зан худро нағз нишон диҳам. Бо мақсади худсафедкунй сатилро гирифтаму таги гов омадам. Ҳангоме, ки даст ба пистони гов бурдам, гов бо пойаш сатилро зада чаппа кард. Чаҳлам омад. Ҳарду пойи говро ба ду чониб бо арғамчин сахт бастам, то бори дигар сатилро зада чаппа накунад. Боз ба кор шуруъ кардам. Аз афт дасти шахшулам ба пистони гов нафорид, ки ин дафъа бо думи худ ба руйю гарданам зад. Боз чаҳлам болотар гирифт. Арғамчин кофтам, то ки думро низ баста монам, наёфатам. Ду-се бор ба гов мастона «накуну намон» «алои худаму булои худам» гуфтаму сари кор нишастам. Нашуд: гов боз бо дум ба руям зад. Ногоҳ ба сарам фикри ачиб омад. Тасмаи худро аз шим кушодаму ба воситаи он думи говро ба шифт баста монадам ва зуд нишастам, то ин ки шим аз танам нағалтад. Гов ҳарчанд «бау-бу»-кунон овоз мебаровад, ҳеч имкон задани сатилро надошт. Ҳамин минвол тақрибан нимлитр шир душида будам, ки ногаҳон дари оғил кушода шуду завчаам даромада омад. Аз тарси он ки либосҳои ба поруи мол олудаамро дида, боз ғурбат накунад саросема аз чой хеста, ба пушти гов гузаштам ва гуё пинҳон шудам. Ин вақт шими бетасма то зону фаромад. Занам, ки аз овози гов бедор шуда омада будааст, дар қафои думи бардоштаи гов ва пойҳои бастаи у маро бо ин аҳвол дида, ба сару руям зад ва ҳарчй медонист ба руям беибо гуфт. Гуфтам, ки барои дар оғил хоб кардану наздаш набуданам ва мастиаам аз ман ранчидааст. Вале масъала аз он ки ман фикр мекардам чигилтар баромад. У барои чудо шудан ариза навишт. Баъдтар фаҳмидам у дар бораи ман дигар гумон доштааст. Бо ҳамин дар деҳа овоза шуд, ки гуё гов маъшуқаи ман бошад. Ҳеч кас минбаъд ба ман духтар надод.
Ин қиссаро бори аввал ба Шумо гуфтам, тағо ба ҳеч кас нагуед, ки шарманда мешам. То ҳол аз ман мепурсиданд, ки чаро хонадор намешавам. Мегуфтам, ки давр – даври безанй, фатир кунй худ занй. Яке гуфтам ба шумо ҳам ин қиссаро нагуям, аммо андеша кардам, гуфтанам беҳтар аст. Ба дигаро сабақ шавад, то дигар арақ нанушанд. Охир беҳуда мастй ба пастй мебарад нагуфтаанд. Аммо
илтимоси ман ҳамин, ки қиссаро ҳамчун панд ба хонандагон пешниҳод кунед, на мазоҳу масхара ва бе номи ман...



Миш-миш таймс

ҲДТ-и Искандаров ва «Қишлоқй тиллой»

ХДТ-и Искандаров дар робита ба мутаваққиф кардани фаъолияти ин чиноҳ аз суи додгоҳи Исмоили Сомонй ба Додгоҳи Олй шикоят бурд.
ҳарчанд Рачаби Мирзо, раиси созмони ҳД-и Искандаров дар Душанбе гуфт, баъид медонад, ки ин мочаро дар додгоҳ ба нафъашон анчом шавад.
Муҳтарам Рачаби Мирзо ва боқй чиноҳи М.Искандаров! Ағлаб, ки шумоён дар рузгори чомаеи «ҳуқуқбунёди» мо мутаассифона «Қишлоқй тиллой»-и М.Миршакарро бештар мехондаед. Як хоҳиш: Аз оинномаи ҳизб «пурра аз бар кардани достони «Қишолоқи тиллой»-ро аз эътибор соқит кунед». Ё барои ҳамин ҳам фармони махсуси вазири маориф зарур-ми?

Кондитсионер сафирро талхакаф кард



Шаби панчшанбе 15-уми май дар манзили зисти Гремм Лотен, сафири Бритониё дар Точикистон, дар як меҳмонхонаи шаҳри Кулоб сухтор ба амал омад.
Хайрият, ки сухтор аз беэҳтиётии чаноби сафир ва масъулини меҳмонхона сурат гирифта будааст, набошад боз Усома писари Лоданро дар кишвари чонони мо мекфотанд. Ё набошад ҳадди ақалл моро дар чаҳон овоза мекарданд, ки гуё мардуми Точикистон аз бебарқиву бегазй хунук хурда хонаи сафирро аланга сар дода, гарм шуда шиштаанд. Хайрият кондитсионери давраи шуравй сухта будааст.


Зан мардро талоқ дод

Гузоришгари вижаи Сомони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар, ба Точикистон дар замоне сурат гирифт, ки ҳодисаҳои худкушй дар байни занон ва зуроварй алайҳи онҳо афзоиш ёфтааст.
Аммо СММ фаромуш накунад, ки аз бисёрии муҳочирати меҳнатй дар Точикистон дар кишвари мо мардҳо кам мондаанд. Ва рузе мерасад, ки хушунати занон алайҳи мардон сурат мегирад ва хоҳанд шунид, ки фалон зан шавҳарашро талоқ кардааст ё мавриди лату куб қарор додааст. Алъон илтимос ба даҳон пробка занед, худи мардон нестанду кй алайҳи онҳо хушунат карда бошад? Ин таҳқири руйи рост.




Истинод аз http://www.ozodi.org/

Дуои муйсафеди интилегент

Худоё худовандо илоҳо давалатамонро тинч гардонй, халқамонро осуда бикунй. Решаи корупсияро барканй ба камбағалон назар афканй. Тобистони серборон кунй, светакояи чистия мул кунй. ГЭС-ҳоро афзун, точикоро шод, душманора кур кунй. Пилони пахтаву нишондиҳандаҳоро назаррас гардонй... Бачаҳои интернетбозу скиндехҳои руса инсоф диҳй. Доллари сабил, ки рузафзун пули миллиро пачақу-мачақ мекунад, онро беқадру сомонии моро болотар гардонй.

Худоё, борони пурбаракат диҳиву, аз боронҳои хонаву гову ГЭС-у заводҳоро шуста мебурдагй дар паноҳи исматат нигоҳ дорй.
Худоё, фариштаҳои дасти чап, ки навишатани гуноҳҳои мо монда шудаанду фариштаҳои дасти рости савобнавис дар истироҳат қарор доранд, бо инояти худ ба ба савобнависҳо низ кор пайдо кунй. Дар қатори ин фариштагони савобнавис ба муҳочирони таҳқирдидаи точик кор ёбй. Кирмҳои пилла ҳам зудтар калон шаванду одамкои пиллапой ҳезумҳои хушка запась намоянд. Заводу фабрикаҳо серкор, равғану гандумако арзону бачаякоро шод бигардонй. Ба давлатҳои мададрасони беинсоф инсоф диҳй, ки онҳо чанде ин чониб ба давлати мо кумаки дуруст намекунанд.
Поко Парвардигоро, ба подшоҳи нави Русия – Медведев тафиқ фармой, то точиконро хору залил нагардонаду ҳамашона бо чойи кор таъмину қайди чойи зистро арзонтар намоянд. Ба кормандони ООН инсоф диҳй, ки визаи узбаку департатсияи уруса бекор намоянд. Кофе-брейку семенарҳоро зиёд гардонй, маблағи ҳадди аққали малы-гранти лоиҳаҳоро аз 20 ҳазор доллар кам накунй.Сафи ордендору медалгирҳо зиёд шаванду заводи бланкаҳои паспорти хоричй боз ба кор дарояд ва бачаҳои точик хурсандона ба кишварҳои дигар пулёбй раванд.
Парвардигоро, зимистонаҳо гарм, тобистонако нарм ояд. Худоё мансабдорҳоро аз қавоқ фарорй, тобеҳоро гапдаро кунй. Хушомадгуйиро камтар намой, ҳақиқатгуйро боқадр бикунй.
Худоё руҳи гузаштагонро шод, қабри Сталинро пурнур ва Бережневи худораҳматиро шоистаи чаннат гардонй, ки замони онҳо арзониву фаровонй, рушноиву гармй буд. Илоҳо омин дуои мо камбағалонро низ мустачоб гардонй!