воскресенье, 29 июня 2008 г.

Ёдаш ба хайр бод!

Тибқи иттилои расонаҳои миш-миш таймс шуруъ аз оғози моҳи сентябри соли чорй лимити қувваи барқ сар мешудааст. Соли гузашта бошад мувофиқи шартномаи байнидавлатй Чумҳурии Туркманистон ба кишвари мо неруи барқ интиқол медод, вале бо сабабҳои номаълум «барқи ваъдагй» ба Точикистон наомад. Мардуми интизори барқи туркман боз ноумед гаштанду дар баъзе минтақаҳо лимити неруи барқ шадидтар чорй шуда буд.

Таъзия

Асосиатссияи ҳачвнигорони вилояти Суғд аз марги нобаҳангоми
Неруи Барқ,
(ки моҳи сентябр аниқтараш светмурак сар мешудааст) қаблан сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандон ва куллй дустону ҳамкорони марҳум ҳамдардй баён мекунанд.


Барқро кй кушта буд?

Шуруъ аз шоми аввали моҳи ноябри соли чорй дар бархе манотиқи вилояти Суғд мавсими чиддитари ба истилоҳ «светкушй» шуруъ гардида буд. Аммо коршиносон иллати аслии дасти задани ниҳодҳои масъули давлатиро ба ин амал, дар он медонанд, ки Неруи Барқи аз суйи туркманҳо итиқолшавандаро террористон, аз чумла дастаи даҳшатафкани Усома бини Лодан дуздида, бо ҳадафҳои нопок истифода бурданй будаанд. Аммо мақомоти расмии Точикистон аз шарҳи комилтари нарасидани «барқи ваъдагии Туркманистон» то ба Точикистон худдорй намуда буданд. Ҳолдонҳо мегуянд, ки феълан Неруи Барқ аз чониби ИНТЕРПОЛ чуста мешавад.
Аммо дар ҳамин ҳол овозаҳое ҳастанд, ки гуё мардуми кишвар аз омадани барқи туркман умедҳои зиёд дошта будаанд. Аксари пирону кампиракони точик интизор будаанд, ки бо омадани «барқи ваъдагии Туркманистон» интиқоли Неруи Барқ ба мардум то 5-7 соат тулонитар хоҳад гашт, вале чунин нашуд. Баъзе таҳлигарони маҳмадоно тахмин мекунанд, ки гуё Узбакистон барои убури сарҳади ин давлат аз чониби Барқи Туркманиён монеа эчод кардаанд. Аммо ин гумон низ аз суйи Точикистон тасдиқ нагардидааст…

Нигоҳе ба гузашата

Неруи Барқ дар замони шуроҳо тавлид гардида, то замони соҳибистиқлолии кишвари точикон фаъолияти густурда дошт. Аксари мардуми точик то ҳол тавлид шудани Неруи Барқро як мучизаи бемисл медонанд ва аксари эшон «падар»-и онро Ленин ва Неруи Барқро «Чароғи иличй» медонанд. Мувофиқ ба маълумоти аз бойгониҳо дастрасшуда, Неруи Барқ нахуст ҳамчун манбаи рушуной, баъдтар, пас аз он ки аз чониби Ҳизби Кадбонуҳои Комунист қабул гардидани «Консепсия дар бораи ҳамчун манаби иловагии гармидиҳй истифода бурадани Неруи Барқ» дар байни мардум он ба таври густурдатар намуда, асосан барои тавлид гармй дар хидматй халқ буд.Хидматҳои шоистаи таҳсини номбурда борҳо бо ифтихорномаҳои ҳукуматҳои маҳаллй сарфароз гардидааст.

Дорандаи нишони сарисинагии «Барқи хизматнишондода», ордени «Молодетс» (дарачаи II ва I) медали «Сухтанй» буд. Ҳамчунин уро дар Бадахшон «Шаҳрванди ифтихорй»-и ин вилояти дурдаст мешинохтанд.

Соли 2006 Неруи Барқ дар озмуни «Барқи беҳтарин» иштирок намуд ва соҳиби шоҳчоиза гардид. Ин дар ҳоле буд, ки мардуми Точикистон ба нимкиловатт-соат зор буданд. Шояд аз ин лиҳоз бошад, ки ҳангоми гирфтани шоҳчоиза аз дасти собиқ Котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) Кофе Аннан чашмонаш пур ашк гардиданд ва аз хурсандй чй гуфтанашро намедонист ва ваъда дод ки то охири соли 2009 тамоми Точикистонро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард.
Ҳолдонҳо мегуянд, ки ҳангоме Неруи Барқ кушта мешуд, у аз дусташ Гази Табий хоҳиш намудааст, ки рисолати сузандагии вайро ичро намояд. Вале Газии Табий чй тасимим гирифтани хешро то ҳол ба касе зикр накардааст…

Комментариев нет: