понедельник, 30 июня 2008 г.

Мактуби наваскар

Салом модари ба чону дил баробарам!
Ту чй хел сиҳату саломат, зиқ нашуда кор карда гаштй? Аз ман пурсй ман нағз сиҳату саломат, пас аз дар «облава» дастгир шуданам, як моҳ ин чониб хидмат карда гаштаам. Ачоиб чое будааст ин чо, модарчон. чаҳор тараф куҳ, самин сахту осмон баланд. Болои санг рузи дароз мисли сангпушт хазида мегардию ҳалқат аз ташнагй қоқ мешавад. Ҳа, гуфтагй барин ҳозир ба ту як гап гуфта, саратро ба осмон мерасонам. Баъди як ҳафтаи хидмат ба ман унвон доданд: «Дух». Ачоиб унвоне будааст. Тамоми кори аз худат калон фармударо мекунию халос. Агар накунй «мурдй», то беҳуш шуданат мекубанд. Ман ҳам як-ду бор «канй чй мешуда бошад?» гуфта, кори фармудаи як «Дед»-ро накардам. Хоҳ бовар кун, хоҳ не очачон, бо қундуқи милтиқ ба сарам ҳашт бор зад. Аммо ба ман ҳеч чиз нашуд. Не, дуруғ нашавад. Аввал андак дард карду сонй камтаракак варам карду саҳлакак азоб дод, лекин зуд дардаш монд. Оча, мегуям ҳамин дуоҳои ту мустачоб шудагй барин-дия.

Ёд дорй, вақти ба ин чо омаданам ту маро «Сарат аз санг шавад, писарам» гуфта дуо карда будй. Ана инак, як моҳ боз «Дед»-ҳои ноинсоф ба сару гарданам лагад мезананд, вале то ҳол ягон чои сарам накафидааст.
Ростй гап модарчон, рузҳои аввали ба ин чо омаданам зиқ шудам. Болои сухта намакоб гуфтагй барин, ҳангоми тақсими либоси ҳарбй ба ман либоси куҳнаву дарида насибам гашт. Баъди тақсими либосҳо рост ба пеши командир рафта гуфтам:
-Рафиқ командир, ин либосҳои маро бинед, куҳнаву дарида, бар замми ин ношуставу чиркин. Охир ягон кас маро бо ин либосҳо бинад, ба ҳафт фарсах гурехта меравад-ку?
– Ҳеч гап не, – гуфт командир – либоси аскари ҳақиқй, фарзанди чоннисори ватан бояд ҳамин тур бошад. Душман, ки туро бо ин либос дид, боварам ҳаст ба даҳшат афтода, ба ҳафт фарсах не, балки ба даҳ фарсах гурехта меравад.
Аз ин суханони командир ҳайрон шуда мондам.
Вай бошад, гуё чизе ба хотираш расиду аз ман пурсид:
– Аз уҳдаи пухтупаз мебарой?
– Метавонам,- гуфтам.
– Масалан, чй пухта метавонй? – боз пурсид у.
– Пеш ба ин чо омаданам, як сол дар заводи асфалбарорй кор кардаам, аз уҳдаи пухтани асфалт мебароям.
– Ҳе. бефаҳм, боро гум-шав, – гуфт командир бочаҳл.
Ҳамин тавр оча аз рузҳои аввал муносибатам бо командир вайрон шуд. Аммо оча, ту зиқ нашава, ман боз як бало карда бо у муносибатамро нағз мекунам, бало ба пасаш… Очачон, рузе воқеаи ачиб руй дод . Боре ба назди мо ду-се журналист омаданд. Ба фикрам, барои хабаргирй. Кадоме гуфтааст, ки шароити наваскарон хуб нест. Ачибан-дия ҳамин мардум, охир корашон чй ба мо. Ҳарруз хелеб мехурем, хурок ҳа-а-ам оча….. Хайр қисса кутоҳ мо, наврасон, бо супориши командир ба муносибати ташрифи онон саф оростем, ва онҳо бо мо ҳамсуҳбат шуданд.
Яке аз журналистон нафареро, ки Сотиболдй ном дошт, пурсид:
– Ватан ба андешаи ту чист?
– Ватан – модари – ман гуфтбо овози баланд Сотиболдй.
– Дуруст,– гуфт командир.
Баъди ҳамон журналист аз ман пурсид, ки «калимаи Ватанро чй тур шарҳ медиҳй?»
Ман бе ҳеч дудилагй гуфтам,ки:
– Ватан модари Сотиболдй аст.
Командиру журналистон ба ман бо ҳайрат нигаристанд. Командир:
– Уй, бефаҳм, Ватан модари ту ҳам ҳаст, – гуфт.
Ман, ки хичолат кашида меистодам, баъди сухани командир андак шердил шуда гуфтам:
– Пас ману Сотиболдй бародарем?
Якбора ҳама хандиданд. Командир низ аз ханда рудакан шуда буд. Ман ҳам хандидам. Охир чй хел нахандам, вақте ки командир бори аввал ба суханҳои ман бо диққат гуш доду аз таҳти дил ханид. Вале, сарфаҳм нарафтам, ки онҳо барои чй хандиданд.Ман-ку ба онҳо хандидам, аммо онҳо чаро хандиданд?!
Баъди ин, очачон ба ман лақаб дода «Додари Сотиболдй» мегуфтагй шуданд. Лекин ман аз ин хафа не. Ҳа, гуфтагй барин, очачон ин гуфтаҳои маро кадом журналист сабт карда гирифта будааст. Мегуянд, ки ҳар руз аз радиои «Тироз» ин суҳбатро барои таъхушии одамон мешунавонанд. Маълум мешавад, ки ҳамон руз кадом як журналисти чаққон ин мусоҳибарол «запись» карда гирифтааст. Балоя ҳамин журналисто, қоил ман-е.Хайр, агар овози маро шунидан хоҳй, аз радиои «Тироз» ана ҳамонсуҳбатро гуш кун.
Айб намекунй оча, дар ҳамин чо гапро ба охир мерасонем. Чунки дигар қоғаз надорам,ки давоми гапро нависам. Бар замми ин, қаламро низ ба «прокат» гирифтаам. Дафъаи дигар агар қоғазу қалам ёбам, боз мактуби дурусттар хоҳам навишт.

Хайр очачон, то дидана. Ба ҳамаи шиносҳоям салом гуй .
Бо эҳтиром писарат Аскаралй

Комментариев нет: