среда, 2 июля 2008 г.

Бай-бай, бачем айб аст. Аз корд то корд як қадам


Агар чунин қиммати ба авчи аълояш расад, ба вижа орд, ки аз хурокҳои рақами яки мардум ҳисоб мешавад, ба қатори исми хос даромада, на орд, балки Чаноб ё Господин ё худ Чалолатмаоб Орд шавад. Ва ҳатман он руз ин калимаро мардум аз муштоқиву ниёзмандй бо ҳарфи калон хоҳанд навишт. Ачаб не. Орд!!!

Иқтибос
".Нақши Идораи матлубот дар пешрафти иқтисодии кишвар басо муҳим ва назаррас аст".

Ин навиштачотро хонандаи азиз дар пештоқи идораҳои матлуботи вилояти Хатлон, Суғд, вилояти Мухтори куҳситони Бадахшон ва ҳатто дар пештоқу толорҳои мачлисии Идораи чумҳуриявии чамъияти матлубот дидаанд.Оре, президенти кишвар ҳақ аст. Ин иқтибос аз гуфтаи президент ҳаст. Нақши назаррас доштани Идораи матлуботи кишвар ба ҳама чун ду карат ду маълум аст. Аммо "Ришханд-Пресс" бо тамоми масъулият метавонад изҳор дорад, ки имруз бечораҳолтарин, очизтарин, нотавонтарин, ноуҳдабаротарин, бемасъулияттаррин ва бе. бе...тарин идора дар кишвар ҳамин идораи матлубот аст. Шояд кормандони ин идораи ба қавли худашон бо нуфуз "қандро ҳаким хураду калтакро ятим" гуфта, далел пеш оваранд. Воқеан, як андоза шояд, ки эшон ҳақ бошанд. Зеро чаллобони ғаллаву гандум дар қимат шудан ва ба нархи абр баробар шудани Орд (минбаъд бо ҳарфи калон, чунки ҳар чизе, ки қиматаш афзун ва нодир шавад, ба қатори калимаҳои исми хос медарояд. Ва забоншиносону грамматикони чумҳуриро зарур аст, ки минбаъд Ордро ба исми хос дароранд ва дар сурати чунин коргузорй Орд ҳатман бо ҳарфи калон навишта шавад) чавобгар ва сабаби асосй бошанд. Шояд ин Идораи боз як бори дигар "бонуфуз" далел аз он оранд, ки дучанд шудани нархи бочи гумрукй ва чандин ҳуччатҳое, ки тибқи он ҳатто чонро низ бо андоз ба чаббор супоридан зарур меояд, пеш оваранд. Ана гуфтем, ки бигзор эшон ҳақанд. Ана гуфтем, ки дар бозори чумҳурй зиёда аз 99,9 фисад молу маноли кишварҳои ғайр фурухта мешавад, аз ин хотир қиматшавии анвои хурокй руз то руз ба осмон дакка мехурад. Ана гуфтем, ки кишвари мо "истеҳсолот" гуфтани калимаро ба худ фарзанди угай медонаду пули миллй қурби худро нигоҳ дошта наметавонад, аз ин лиҳоз ба ҳар боре, ки маош меафзояд, қурби асъори миллй ба замин яксон шуда, нархи навъҳои хурокаву пушокй ба арш ҳамгардан мешавад. Аз чумла Орд (!) низ. Ана гуфтем, мана гуфтем ва боз "ана"-ҳои зиёду баризофй.Иқтисоддонҳо бар онанд, ки аз ҳама нуқтаи қиматтарин дар собиқ Иттиҳод Шуравй (бо хондани ин ибора дили ҳазорон одамон гум мезанад, наход нархи як лингаи Орди 70 килогй 13 суми лениндор бошад гуфта бовариашон намеояд ва баъзеҳо давраи Брежневро давраи биҳиштйи мехонанд) ин чумҳурии биҳиштосоямон - Точикистон аст.Соли гузашта маоши кормандони соҳаи ичтимоиро 15 то 40 фисад бардоштем, нархи сабилмондаи бозор бошад, ба қавли ба чанги Олмон рафтаҳо "афтаматически" 40 то 80 фисад қимат шуд. Боз аз июли соли равон сар карда маоши кормандони соҳаи ичтимой ба 50 фисад гардан боло кард. Ва "умед" аст, ки боз нархи бозор 100-150 фисад боло меравад. Дар ҳар семоҳа маошро баланд бардоштан мегирем, қурби пул паст рафта анвоъи хурокаву дигар масолеҳи ниёзи мардум то рафт ба осмон дакка мехурад. Пули миллиамон қурбашро дар бозор то рафт гум карда, ана баъд мебинем, ки ба ду линга пули пачоҳ сомонаи қоқиртак ду то буханкаи нон мехарем. Инфлятсия? Он рузро Худо нигоҳбон бошад. Ҳе-ъ аз даҳонат шамол барад-э.Бобо-Илёси 92-сола ҳар замон носашро ба чор тараф мисли чошма пуф мекунаду бо асабоният мегуяд:- Ба ман 150 сомонй нафақа зарур не бачам, бигзор нафақаи ман 10 сомонй бошад, агар ин матлуботчиён мард бошанд, нархи як халта ордро 30 сомонй кунанд, ман офарин хонам, аз худо ба ҳафт пушташон чаннатро талаб кунам. Ҳамин ҳам коргузорй шуд-у. Туф…,-носаш ба замин сурати ишқ мешавад.Дар дунё "танзими нарх" гуфтани истилоҳ аст. Дар ин бора бояд семинару машваратҳо, (ки бо кофе-брейку хурокҳои бо қувват ташкил мешаванд-ку) гузаронида ба кормандону каллачунбонҳои соҳаи савдо, идораи матлубот ва ғайра галстукбагарданҳои зиёд бояд фаҳмонид, ки ин хел калимаву истилоҳ ва роҳҳо ҳам ҳаст. Аммо афсус.
Бо баробари қимат шудани нархи масолеҳи ниёзи мардум, ба хусус Господин Орд, дуздиву авбошиву фиребу риё, найрангу дуруғ ва "ҳай-ҳай айб аст, бачем" гуфтанҳои кампиракон руз то руз зиёд мешаванд. Худо накунад, ки аз пушти як бурида нон мардум бо теғи корд ба ҳам мушту гиребон шаванд. Агар чунин нархгузори рузафзун боло равад бо ҳазор афсус метавон иброз дошт, ки чунин шуданаш аз эҳтимол дур нест.
«Значит» аз Орд то корд як қадами дигар мондааст.
Миш-миш ТАЙМС

Раҳми бародари кабирамон
17-уми сентябри соли 2007 дар Маскав форуми байнипорлумонии Русия ва Точикистон ба кор оғоз карда буд. Ҳайъатҳои порлумонии ду кишвар масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байни ду давлатро мавриди баррасй қарор доданд. Мутаасифона дар музокироти байни ду давлат нархи орд дар бозори "Саховат"-у "Баркат" ва "Панчшанбе" баррасй нагардид-де.Агар чунин мешуд, нуран ало нур мешуд. Наход ин ҳолати мо бародари кабирамонро дар канор гузорад-а? Ақаллан раҳмашон меомадагист? А, чй гуфтед?

Агару магару в-агару
Ба иттилоъи Кумитаи давлатии омори Точикистон дар 8 моҳи охир 36 кишвари дуру наздики хоричи ба кишвар ба маблағи бештар аз ҳудуди 200 миллион доллари ИМА кумаки башардустона кардаанд. Агар дар иттилоъи Кумитаи давлатии омор гуфта мешуд, ки Точикистон танҳо барои кумак гирифтан усто аст, боз саҳеҳтар мешуд. Агар дар чаҳон рекорд барои гирифтани кумак пайдо мешуд, Точикистон чойи аввалро ишғол мекард. Ин гапи Ришханд тағо неву, агар аз кумитаи омор чунин мегуфтанд, чи мешуд-а?

Намоз дар Точикистон, дуо дар Амрико
Вазорати умури хоричии Иёлоти Муттаҳида мегуяд, дар як соли гузашта ҳукумати Точикистон назоратро ба фаъолияти ниҳодҳои мазҳабй шиддат дод ва Вазорати маорифи Точикистон пушидани ҳичобро дар макотиби оммавй манъ кард. Ҳамин акаи Буш ба ҳамин чизҳо ба корашон чизе? Мо масчидро мебандем ё донишчуёни ҳичобпушро аз дарс ғайриқонунй берун мекунем, ин кори мост. Онҳо ҳамаро бо оинаи демократияи худ дидан мехоҳанд. Ин чо ИМА не, ин чо Точикистон. Ҳар коре, ки хоҳем, ҳамонро мекунем. Фақат чойи он мондааст, ки намозро дар Точикистон хонему дуояш жар Вашинтон шавад.

Точикистону Қазоқистон «ЗАГС» шуданд
Точикистон ва Қазоқистон дар мавриди таъсиси як бунёди сармоягузорй бо маблағи 100 миллион доллар мувофиқа кардаанд. Яъне чун арусу домод ба ҳуччати ақди «никоҳ» имзо монданд. Фаҳмидед, ҳо бале, қурбони аҳли фаҳм шавем.Гуфта мешавад, ин бунёд ба манзури сармоягузорй ба тарҳҳои энержй ва кишоварзии Точикистон таъсис шуда ва 80 дарсади он саҳми чониби Қазоқистон хоҳад буд. Тибқи қонунҳои чорияи Чумҳурии Точикистон на кам аз 51 фисад саҳмия чониби Точикистон бошад, аммо ба хотири бештар овардани орд аз Қазоқистон мо мачбурем, ки ба ин саҳмия розй шавем. Вагарна гандум неву, ҷаноби Олй муҳтарам Гандум-ако мегуем. Розй нашавему бинем, нархи орд ба 200 сомонй дакка хурда, порлумони кишвар мачбур мешуд қонун дар бораи "Кам хурдан"-ро ба тасвиб расонад. Ё оҳиста-оҳиста ҳамин хел мешуда бошад? Як бор каллая зонуба монда «уй» кунед-чй.

Комментариев нет: