среда, 2 июля 2008 г.

Ихтилофи аломатҳои роҳ

Озмун бори аввал дар Ришханд-Пресс
Дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд, дар чорраҳае чор аломати «Роҳи асоси» гузоштаанд. Аммо ачибтар аз ҳама он аст, ки дар болои чароғаки раҳнамо ду аломати хилофи якдигар: аломати роҳи асоси (главная дорога) ва аломати ба қавле, «роҳи дуюм»-ро дар як чо гузоштаанд. Яъне, дунёи муросо: ҳисобатро ёбу гузар! Ҳар ки инро ёбад, ба у чоизаи «Молодес дарачаи 1» дода мешавад. Чоизаи мазкур дар ҳузури журналистони ватаниву хоричи ва кормандони БДА-и кулли вилоят супорида мешавад.
Наход
Зимни пахши як изҳорот узви раёсати Ассосиатсияи дифоъ аз ҳуқуқи ронандагон иброз доштаанд, ки агар масъулини аломатгузори дар роҳҳо чунин беаҳамият бошанд ва дар ҳар чои даркориву нодаркори аломатҳои роҳро бемантиқ гузоранд, хавфи зиёди «каллачанг»-у «бусобуси»-и мошинҳо пайдо мегардад. Аз ин ру зарур аст, аломатҳои лозимию нолозими аз роҳҳо бардошта бишаванд. Масъулин таъкид намудаанд, ки дар ҳоли ичро нашудани талабашон гуруснанишии бардавом эълон хоҳанд кард. Дар ин бора ба «Ришханд-пресс» аз хадамоти матбуоти Ассосатсияи дифоъ аз ҳуқуқи ронандагон итиллоъ додаанд.
Ин изҳорти ассотсиатсияи мазкур чанд созмони байналхалқиро нигарон кардааст. Аз чумла созмони байналмиллалии низоъшиноси, масъулини Ассотсиатсияи дифоъ аз ҳуқуқи ронандаҳоро даъват намудааст, сабукандеш набошанд ва таҳаммул бикунанд.
Ҳамзамон дар ин бобат созмони «Муаррихони чавон» ибрози андеша намуда, гуфтаанд, ки бояд сабаби гузошта шудани ду аломати мухталиф дар як чо ва таърихчаи он омухта шавад. Он гоҳ метавон натичагири ва хулосабарори намуд. Вале то ҳол муайян нашудаааст, ки боиси дар як чо насб гардидани ду аломати якдигар чи бошад: як аломатро гузошта дуввумашро канда натавониста бошанд ё…
Ҳарчанд то ҳол ба созмонҳои низоъшиноси ва «Муаррихони чавон» сабаби аслии дар як чо насб гаштани ин аломатҳо дар якчо муайян нагаштааст, аммо ба Ришханд-тағо муяссар гашт, ки як шоҳиди кашмакаши аломатҳои роҳро ба гап дарорад, то у ба шарти ошкор нагаштани номаш, ба хонандагони «Ришханд-пресс» рухдодаро нақл намояд:
– …Аломати роҳи асоси, ки бояд мошинҳоро ба роҳи асоси раҳнамои мекарад, ногоҳ душман пайдо намуд. Душмани он қадар дур ҳам не, балки ҳамсояи наздикаш – аломати «Роҳ диҳед», («Уступите дорогу») ки бояд ронандаи мошинҳо тибқи «фармон»-и он ба мошинҳое, ки дар роҳи асоси қарор доранд, роҳ медод.
Асли воқеа чунин сурат гирифт: аломати роҳи асоси, дар як суҳбат анадак сархуш гашта, аввал аз баъзе кормандони БДА-ро гилаву чингила кард, ки ба у камтар эътибор медиҳанд, сониян дар бораи аломатҳои роҳ сухан гуфта, таъкид намуд, ки аломати «роҳи дуввум» пас аз соҳибистиқлол шудани Точикистон вазифаашро ба таври бояду шояд ичро намекунад.
– Вай он қадар мағрур шудааст, ки нулаш доимо дар осмону масъулиятро дуруст эҳсос намекунад.– гуфт у. – Аз ин сабаб вақтҳои охир бархе ронандагон ба будан ё набуданаш аҳамият надода, мошин меронанд. Агар чунин бошад пас будан ё набудани ман ҳеч аҳамият надорад….
Ин гапро ду-се аломати роҳ ба аломати «роҳи дуввум» расонидиданд. У сахт хафа шуду дар дил кина гирифт, ки ҳатман адаби аломати роҳи асосиро хоҳад дод. Баъд аз чанд рузи ин гуфтугузору ин воқеа, ногаҳон, аломати «роҳи дуввум» бо ҳамтабақҳои худ – аломатҳои роҳи «Пайроҳаи пиёдагузар» («Пешхондный переход»), «Истгоҳ манъ аст» («Остановка заперщена»), «Бачаҳо» («Дети») ба суи «Аломати роҳи асоси» шабехун заданд.
Ин дар ҳоле буд, ки «Аломати роҳи асоси» ҳамроҳи аломтаҳои дигари роҳ сари як пиёла чой чақ-чақ доштанд. Албатта аз ҳучуми ногаҳони онҳо аввал хеле тарсиданд. Вале якбора хунашон чушиду онҳо ҳам ба по хестанд дар натича чанчоли калон хест, 36 аломати роҳ корношоям, 72 захми, (ҳамон аломатҳои роҳ, ки имруз дар баъзе кучаҳо качу килеб меистанд, аз таъсири ҳамон чанг аст) 11 аломати роҳ бинобар таъмин набудани амнияташон, минтақаро тарк ва мақоми гурезаро гирифтанд…Лекин бо вучуди ин аломатҳо ба қароре наомаданд, ки «мансаб»-и рохи асосиро кадоме аз онҳо бигирад. Пас мутассаддиён низ мачбур шуданд, ки ҳарду аломатро дар як чо гузоранд ва бо ҳамин аз чанчол халос шуданд. Аммо то имруз ронандагон сарсону ҳайронанд, ки ҳангоми ҳаракат дар ин минтақа ба «фармон»-и кадом аломат гуш кунанд.
P. S.
Мо ин чо махсус номи ноҳияеро, ки дар он чо чунин аломатҳои роҳ гузошта шудаанд таъкид накардем. Гап соҳибашро меёбад. Бигзор кормандони БДА-и ин ноҳия огоҳ бошанд, ки аз бемасъулиятиву бепарвои онҳо ронандагон сарсонанд… Ин ҳам мисли як чистонест барои кормандони БДА, ки бояд ба он мийя об карда посух биёбанд: кадом аломати роҳ дар ин сурат дуруст гузошта шудааст? Ку бубинем ба ин ки чи гуна посух мегуфта бошанд.

Ба диққати хонандагон.
Ҳеч кас ин ноҳияро наёфт. Ба ин хотир туҳфа ба худи Ришханд-тағо ва дастёри он кас Чамшеди Каёнй супорида мешавад. Номи ин ноҳия СПИТАМЕН аст.

Комментариев нет: